Барно Исҳоқова – маликаи Шашмақом (видео)
99 сол муқаддам 12 май Барно Исҳоқова, овозхони яҳудитабори тоҷик, устоди бузурги Шашмақом ва Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Ӯ аз бузургтарин шашмақомсароёни аҳди Шӯравӣ ба шумор мерафт ва бо сабки хоси худ дар иҷрои таронаҳои классикӣ миёни дӯстдорони мусиқии суннатӣ ҷойгоҳи вижа дошт.
Барно Исҳоқова баъди чанд соли зиндагӣ дар Самарқанд ба Душанбе омада, аз соли 1950 ҳамчун сарояндаи яккахони Радиои Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 1980 бошад, ба ҳайси муаллими калони кафедраи мусиқии Шарқи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода кор кардааст.
Ӯ беш аз 100 суруду тарона аз силсилаи “Шашмақом”-ро иҷро намудааст. “Насруллоҳӣ”, “Муғулчаи Дугоҳ”, “Сарахбори ороми ҷон”, “Ҳусайнӣ”, “Насри Баёт”, “Чоргоҳ” ва “Ушшоқ” аз беҳтарин иҷроҳои классикии ӯ дониста мешаванд.
Ҳамчунин, таронаҳои “Ба дилбар”, “Мамлакати мо”, “Гулҷаҳон”, “Шунидам”, “Кокулат” ва “Мафтуни чашмат” аз маҳбубтарин сурудҳои Барно Исҳоқова мебошанд.
Устод Садриддин Айнӣ ба истеъдоди ӯ баҳои баланд дода, Исҳоқоваро “Левичаи занҳо” номида буд. Левӣ Бобохонов, маъруф ба Левича Ҳофиз, аз устодони бузурги “Шашмақом” дар Бухоро буд.
Барно Исҳоқова дар иҷрои тамоми силсилаи “Шашмақом” ширкат кардааст ва сабтҳои ӯ имрӯз дар хазинаи тиллоии мусиқии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд.
Ин ҳунарманди нотакрор 7 сентябри соли 2001 дар шаҳри Рамлеи Исроил аз олам даргузашт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ