Барои қочоқи 9 кг тилло корманди гумрук дастгир шуд

Барои қочоқи беш аз 9 кило тилло кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон як корманди Хадамоти гумрук ва яке аз моликони фурӯшгоҳи «Ҷило» дар шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.

Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон 2‑юми феврал зимни нишасти матбуотӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки Ашраф Назримадов, сардори дидбонгоҳи мусофирони ин ниҳод дар фурудгоҳ бо гумони нодуруст санад кардан ва кам нишон додани миқдори маҳсулоти заргарӣ боздошт шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Гулнора Турсунбоева, яке аз моликони фурӯшгоҳи «Ҷило» дар Душанбе беш аз 9 кило маҳсулоти заргариро аз Туркия вориди Тоҷикистон карда буд, вале онро чор кило сабт карда, бо ин роҳ аз пардохтҳои гумрукӣ фирор кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса 24‑уми январи соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ се корманди Хадамоти гумрук бо гумони даст доштан дар қочоқи 90 кило тилло аз Афғонистон ба Тоҷикистон боздошт шуда буданд.

Бино ба маълумоти мавҷуда, Гулнора Турсунбоева ҳудуди 15 сол боз ба тиҷорати маснуоти тиллоӣ машғул буда, дар маркази шаҳри Душанбе ва бозори “Корвон” чанд мағоза дорад, ки бо номи “Ҷило” маъруфанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *