30 000 довталаб ДАТ-ро интихоб кардаанд

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур аз рӯйи 5 ихтисоси нав – дентрология, кадастри замин, агротуризм, логистика, омори кишоварзӣ довталабон қабул карда шудаанд.

Ҳоло дар 10 факултети донишгоҳ 7425 донишҷӯ аз рӯйи 51 ихтисос таълим мегиранд. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ ректори ин таълимгоҳи олӣ Усмон Маҳмадёрзода зикр намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта тариқи  Маркази миллии тестӣ зиёда аз 30 000 довталаб Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро интихоб намудаанд, ки ин нишондиҳандаи хуб аст.

Ҳамзамон, ҳоло дар донишгоҳ 96 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд. Имрӯз бештари хатмкунандагони донишгоҳ дар  ҳамкорӣ бо вазорати кишоварзии Тоҷикистон тариқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *