ДССХ ба донишгоҳ табдил ёфта, мақоми байналмилалӣ гирифт

Бо як қарори Ҳукумати мамлакат Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдил ёфта, мақоми байналмилалӣ гирифтааст.

Дар ин бора аз раёсати ин муассисаи олии таълимӣ ба Pressa.tj хабар доданд.

“Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 –уми январи соли 2022, таҳти рақами 17 ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат» мақоми муассисаи таълимии байналмилалӣ дода шуд. Акнун он ҳамчун Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» номгузорӣ шуд. Ин барои мо — устодону донишҷӯёни ин муассисаи илмию таълимӣ рӯйдоди фараҳбахш аст”- гуфт Исломбек Хоркашов, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ин таълимгоҳи олӣ.

Бино бар иттилои номбурда, барои мақоми донишгоҳ ва байналмилалӣ гирифтани донишка саҳми ректори он муассир аст. Зеро давоми чанд соли охир ректори таълимгоҳ Убайдулло Асрорзода талош кард, ки биноҳои нави таълимӣ бунёд ва ихтисосҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат роҳандозӣ гарданд. Раванди таълим дар донишкада бо истифода аз усулу технологияҳои нав роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилот дар тамоми факултетҳо ҷараёни таълим тариқи камераҳо назорат карда мешавад.

Ҳоло донишкадаи мазкур шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиё мебошад. Ин имкон медиҳад, ки робитаҳои хориҷии донишкада бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию хориҷӣ густариш ёбад. Айни замон теъдоди шартномаҳои ҳамкории донишкада аз 80 адад гузаштааст, ки муҳимтарини онҳо шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои компютерӣ ва муҳандисии Малайзия (University Malaysia of Computer Science & Engineering (UNIMY)) ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия мебошад.

Ҳамзамон, донишҷӯёни ин таълимгоҳ имкон доранд, ки 2 соли таҳсилро дар донишкада ва 2 соли боқимондаро дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ идома диҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *