Баррасии 149274 парванда дар мақомоти судӣ

16 январи соли равон раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоён доир ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 ба намоядагони ВАО мухтасар гузориш дод.
Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки дар ин давра мақомоти Суди Олӣ 16071 парвандаро оид ба баҳсҳои гражданӣ, 37167 парвандаро доир ба баҳсҳои оилавӣ, 10040 парвандаи ҷиноятӣ ва 59983 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» ба судҳо нисбати 784 шахс парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ намуда, 767 нафари онҳо шахс ба маблағи 2 млн 427 ҳазору 590 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, соли рафта аз тарафи мақомоти судии кишвар 149274 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳодоти муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрочиёни судҳо баррасӣ шудаанд, ки нисбат ба соли 2015 10988 адад зиёд мебошад.
Ба гуфтаи Ш. Шоҳиён «Мақомоти суд дар соли гузашта ба фоидаи давлат ба маблағи умумии 46 млн 845 ҳазору 514 сомонӣ маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, товони зарар аз тасарруфи моликияти давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо, аризаҳои даъвогӣ ва навиштаҷоти иҷроишии мақомоти гуногуни давлатиро рӯёниданд».
Э. НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *