Баста шудани даҳҳо саҳифа дар Facebook

Шабакаи иҷтимоии Facebook бори нахуст даҳҳо саҳифаеро баст, ки дар Русия ба воситаи онҳо маълумоти шахсии корбарон барои мансабдорон ва доираҳои алоқаманд ҷамъоварӣ ва таҳлил мешуд.

Ин саҳифаҳо эҳтимолан ба ширкати Social Data Hub (SDH) рабт доштанд, ки дар Ирландия ҷойгир аст. Фейсбук аз ширкат хост, дар рӯзҳои наздик самараи фаъолияти ғайриқонунии хуро муайян ва маҳв кунад.

Муассиси SDH Артур Хачуян аст, ки то соли 2014 мудири бахши кибернетикии оҷонси огаҳии «Апостол» буд. Ӯ ҳоло ширкати Fubutech-ро раҳбарӣ мекунад ва дар ҳар ду ширкат як гуруҳ кор мекунанд. SDH фармоишҳои тиҷорӣ ва Fubutech давлатиро иҷро менамоянд.

Артур Хачуян дар суҳбат The Bell масъулиятро аз гардани худ дур карда, гуфт, маълумоти корбарон бо фармоиши ниҳодҳои давлатӣ ҷамъоварӣ мешаванд. Ӯ ба РБК изҳор дошт, ки агар Фейсбук саҳифаҳоро барқарор накунад, шабакаи иҷтимоиро ба додгоҳ хоҳад кашид.

Пештар SDH худро ба гуруҳи Cambridge Analytica муқоиса кард, ки фаъолияташ моҳи майи соли равон, пас аз айбдор шудан ба истифодаи ғайриқонунии маълумоти шахсии корбарони Фейсбук дар маъракаи пешазинтихоботии Доналд Трамп қатъ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *