Баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро 3 рӯз ҳавои хокбориш интизор аст

Ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон , аз 29-уми ноябр то 1-уми декабр дар бархе минтақаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд ҳаво ғуборолуд мешавад.
Ба гуфтаи Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон, сабаби омадани ҳавои хокбориш он аст, ки аз самти ҷанубу ғарбӣ, ҷанубӣ ва ғарбӣ ба Тоҷикистон ворид мегардад.
Агентииҳавошиносии Тоҷикистон ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои мазкур аз сайругашт зиёди рӯзона дар хиёбону кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сермошин худдорӣ кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ