“Бе назорат гузоштани оташдони ошхона”: сӯхтор дар хонаи Абдураҳмон Қодирӣ

Тахмин соатҳои 16 – 17-и рӯзи 6 — уми июн дар манзили истиқоматии собиқ раиси вилояти Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷаи он дохил ва болопӯши ошхона, ҳуҷраҳои истиқоматӣ зарар дидаанд. Дар ин бора Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Аз Раёсати хадамоти сӯхторнишонии Суғд гуфтаанд, ки ҳодиса тахмин соатҳои 16 — 17 дақиқа дар ҳавлии истиқоматии воқеъ дар суроғаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон, кӯчаи Чинор хонаи № 28 аз сабаби бе назорат гузоштани оташдони ошхона рух додааст вадар натиҷаи сӯхтор дохил ва болопӯши ошхона, ҳуҷраҳои истиқоматӣ дар умум ба масоҳати 120 метри мураббаъ зарар расидааст.

Гуфта мешавад, ки бар асари ин ҳодиса ба соҳибони хона, зарари ҷонӣ нарасидааст.

Дар ҳоле, ки дуди сиёҳ аз хона ба осмон баланд мешуд, ҳамсояҳо ва роҳгузарон аз ҳар васоил истифода намуда, барои хомӯш намудани сӯхтор кӯмак расонидаанд. Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон, барои хомӯш намудани алангаи сӯхтор ҳудуди 500 нафар ҳамсояҳову роҳгузарон ширкат варзидаанд. Рухдоди ин ҳодисаро мақомоти Идораи сӯхторнишонии Суғд низ ба қайд гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *