Бибисумая ҷосуси Тоҷикистон набуд

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон гуфт, зане, ки беш аз як сол дар зиндони Эвини Теҳрон маҳбус буд, дар асл ҳеч гоҳ ҷосуси Тоҷикистон набуд ва гуноҳаш дар додгоҳ собит нашудааст.

 Ягона далел, ки Эрон ҳамчун иттиҳоми ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон ба кор бурд, иштироки ин зан дар як-ду маъракаи сафорат ва сӯҳбати телефонӣ бо намояндаҳои Тоҷикистон дар Эрон буд.

Беш аз як сол — дар зиндони Эвин

Бибисумая Кулулова, сокини 33-солаи деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашти Тоҷикистон моҳи феврали имсол пас аз раҳоӣ аз зиндони Эвини Теҳрон ба Тоҷикистон баргашт.

Дар як навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, Бибисумая мегӯяд, ӯро барои гӯиё “ҷосусӣ” ба фоидаи Тоҷикистон дар Эрон ду сол ҳукми зиндон доданд, вале чун иттиҳомаш собит нагашт, пас аз 1 солу 25 рӯз раҳо шуд.

Маълум нест, сӯҳбати Бибисумая дар куҷо наворбардорӣ шудааст, вале пайвандонаш дар ноҳияи Рашт гуфтанд, ӯ воқеан ба ватан баргашт ва ҳоло дар Душанбе қарор дорад.

«Гуфтанд, оқои Исломиддинро аз куҷо мешиносӣ

Ин зан мегӯяд, соли 2013 бо як марди эронӣ издивоҷ карда, ба Эрон рафт. Пас аз чанд муддате бо “далоили хос” аз он мард ҷудо шудааст. Мегӯяд, пас аз ҷудо шудан аз мард дар як ширкати бастабандӣ кор мекард ва зимнан, дар хонаҳои сокинон парасторӣ мекард. Бибисумая мегӯяд, замони боздошт дар як хона парастор буд.

 

“Се соли охир раводид надоштам ва фикр кардам, барои ин боздошт кардаанд. Аммо вақти бозҷӯӣ гуфтанд, ки барои кӣ кор мекунӣ. Гуфтанд, Шумо чаро сафорат меравед? Гуфтам, ҳаққи шаҳрвандии ман аст, ки сафорат биравам. Гуфтанд, оқои Исломиддинро аз куҷо мешиносӣ? Гуфтам, консул аст ва барои виза мерафтам”, — нақл кардааст Бибисумая.

Суоли Бибисумая

Бибисумая дар ин навори видеоӣ мегӯяд, ӯро шиканҷа мекарданд, то ба ҷосус будан иқрор шавад: “Мегуфтанд, сӣ сол зиндон мекунем ва ё эъдом мекунем”

Бибисмуая мегӯяд, пас аз 45 рӯз аввал бо бадгуфторӣ ва баъдан бо зорӣ мегуфтанд, ки ба ҷосусиаш эътироф кунад, то ҷурмаш сабук шавад. “Баъдан як бастаро оварданд, дохили он аксҳоям буд, ки вориди сафорат мешудам. Аксҳое аз оқои Исломиддин буд. Аз утоқи консулӣ ва муовин акс буд. Сабти садоро оварданд, ки бо Исломиддин сӯҳбат мекардам. Аксҳое оварданд, ки дар маросими ҷашнӣ ширкат доштам.”

 

Ин зан дар сӯҳбат иттиҳоми ҷосусиашро равшан шарҳ намедиҳад, аммо дар ҷое ишора мекунад, ки ҳатто агар барои Тоҷикистону Эрон кор мекард ва дар бораи онҳое, ки ба давлат хатар доранд, иттилоъ ҷамъ меовард, «чаро Теҳрон бояд аз онҳо ҳимоят кунад?»

Мақоми сафорат: Баъди як соли боздошташ хабардор шудем

Як мақоми сафорати Тоҷикистон дар Эрон рӯзи 6-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зан 9-уми январи соли 2017 боздошт шуда будааст, вале сафорат тақрибан як сол пас хабардор шуд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, “ҷосус” будани Бисбисумая воқеият надошт.

“Ӯ мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафорат меомад, вале ба сафорати кишвари худ рафтан маънои ҷосус буданро надорад. Мо хеле дер хабар ёфтем. Вақте иттилоъ ёфтем, талош кардем, то аз ҳуқуқаш ҳимоя кунем. Дигар ба мо бо кадом асос зиёда аз як сол дар зиндон нигоҳ доштанашро шарҳ надоданд.”

«Ӯ ба оромиш ниёз дорад»

Дилшод Маҳмудов, яке аз пайвандони Бибисумая рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ пас аз бозгашт аз Эрон барои чанд рӯз ба дидорбинии модараш бе деҳаи Ҷафр рафт ва ҳоло дар Душанбе дар хонаи хоҳари калонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, як соли зиндон дар Эрон ба ҳолати рӯҳиаш таъсир кардааст ва ҳоло ба оромӣ ниёз дорад.

«Озодӣ»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *