Бо 223 000 доллар ҷавони тоҷик таҳсилро дар Чин идома медиҳад

Назирҷон Исмоил, хонандаи тоҷик  соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид.

Назирҷон ҳамагӣ зодаи шаҳри Хуҷанд буда, ҳамагӣ 17 сол дорад. Ӯ  барномаи «Face recognition» -ро ихтироъ намуда, соҳиби бурсияи таҳсил дар хориҷа шудааст.

Ин барнома дар даромадгоҳи корхонаву муассиса насб карда шуда, чеҳраҳои шахсони воридшавандаро шиносоӣ мекунад. Дар ҳолати набудани маълумот дар бораи шахс хабар медиҳад, ки ин нафар бегона аст.

Назирҷон Исмоил чанд барномаи дигар низ ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «BeReade» мебошад.  Барномаи «BeReade» барои дастрас кардани вазифаҳои хонагии хонандагони мактаб хидмат мекунад.

«Duke Kunshan University» донишгоҳи илмҳои гуманитарии сатҳи ҷаҳонӣ дар Куншани Чин буда, якчанд барномаҳои таълимии босифат ва инноватсиониро барои донишҷӯёни саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад. Он моҳи сентябри соли 2013 дар доираи шарикии ИМА ва Чин миёни донишгоҳҳои «Duke University» ва «Wuhan University» таъсис ёфтааст.

Назирҷон Исмоилҷонов баҳори соли оянда ба шаҳри Куншани Чин, ки ин ҷо  донишгоҳи амрикоӣ ҷойгир аст, хоҳад рафт. Ӯ баъди супоридани эссе, тест ва муаррифии навовариҳояш дар соҳаи IT донишҷӯи чунин донишгоҳи бонуфуз шудааст. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.