Болоравии босуръати нархи нафт дар пайи шиддати даргириҳо дар Ховари Миёна
Нархи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ рӯзи 9 март аз марзи 100 доллар барои як бушка гузашт ва ба баландтарин сатҳи худ аз замони ҳамлаи Русия ба Украина дар моҳи феврали соли 2022 расид. Он замон низ қимати як бушка нафт аз 100 доллар гузашта буд.
Дар пайи шиддат гирифтани даргириҳо дар Ховари Миёна, ки бо ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон оғоз шуд, субҳи 9 март нархи як бушка нафти “Брент” беш аз 25 дарсад боло рафта, ба наздики 120 доллар расид. Баъдан қимати он каме поён рафта, то 108 доллар баргашт.
Дар ҳамин ҳол, арзиши як бушка нафти амрикоии WTI низ 13,5 дарсад афзоиш ёфта, ба 103 доллар баробар шуд.
Ба навиштаи рӯзномаи “Financial Times”, дар пайи болоравии босуръати нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, вазирони молияи кишварҳои Гурӯҳи Ҳафт (G7) ҷаласаи изтирорӣ баргузор карда, роҳҳои пешгирии афзоиши минбаъдаи онро баррасӣ карданд.
Коршиносон мегӯянд, маҳдуд шудани ҳаракати киштиҳо тавассути тангаи Ҳурмуз, ки тақрибан панҷяки нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, суръати болоравии нархи нафтро бештар кардааст. Тибқи иттилои ширкати тадқиқотии “Rystad Energy”, ҳар рӯз аз ин гулӯгоҳ ҳудуди 15 миллион бушка нафти хом, ё тақрибан 20 дарсади таъминоти ҷаҳонӣ интиқол дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ