Муҷтабо Хоманаӣ раҳбари олии Эрон интихоб шуд

Маҷлиси хибрагони Эрон Муҷтабо Хоманаиро ба ҳайси сеюмин раҳбари олии Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб кардааст. Дар ин бора хабаргузории давлатии “ИРНА” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Муҷтабо Хоманаӣ — рӯҳонии 56-сола ва писари дуюми раҳбари қаблии Эрон Алии Хоманаӣ  баъд аз баррасии чанд номзад аз ҷониби Маҷлиси хибрагони Эрон ба ин мақоми баланд интихоб шудааст. Ин ниҳод масъули интихоби раҳбари олии кишвар мебошад.
Интихоби ӯ пас аз марги раҳбари қаблии Эрон Алии Хоманаӣ сурат гирифтааст. Пеш аз ин ду шахсият дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳайси раҳбари олӣ фаъолият карда буданд: муассиси ҷумҳурӣ Рӯҳуллоҳ Хумайнӣ ва баъдан худи Алии Хоманаӣ.

Дар сохтори сиёсии Эрон, раҳбари олӣ баландтарин мақоми давлат маҳсуб мешавад. Ӯ сардори нерӯҳои мусаллаҳ аст ва салоҳиятҳои калидӣ дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дар ихтиёр дорад. Ҳамчунин, таъйини роҳбарони ниҳодҳои муҳими давлатӣ ва низомӣ ба уҳдаи раҳбари олӣ мебошад.

Муҷтабо Хоманаӣ соли 1969 дар шаҳри Машҳад таваллуд шудааст. Ӯ таҳсилоти динӣ гирифта, солҳои зиёд дар муҳити рӯҳониёни баландмақоми Эрон фаъолият кардааст. Дар гузашта номи ӯ ҳамчун яке аз шахсони таъсиргузор дар атрофи раҳбари пешин зикр мешуд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки интихоб шудани ӯ метавонад ба идомаи сиёсатҳои давраи раҳбарии падараш таъсир расонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *