Бонки ҷаҳонӣ ба Точикистон 60 миллион доллар грант медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи “Рушди бозори нерӯи барқ ва ҳамоҳангсозии системаҳои энергетикии Осиёи Марказӣ” ба Тоҷикистон 60 миллион доллар грант ҷудо мекунад.

Созишномаи маблағгузорӣ миёни вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар кишвар Гаэл Раббаланд ба имзо расидааст.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, маблағи мазкур барои бунёди хати интиқоли барқи 500-киловолта аз зеристгоҳи барқии «Душанбе-500» то зеристгоҳи «Регар-500», инчунин васеъсозӣ ва таҷдиди ин зеристгоҳҳо равона мешавад.

Ҳамзамон, грант барои омода кардани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва таҳияи тарҳи мукаммали хатҳои интиқоли барқи 500-киловолтаи «Роғун – Сайҳун» ва «Ҷануб – Шимол» (марҳилаи дуюм) пешбинӣ шудааст.

Мақомоти марбута таъкид мекунанд, ки татбиқи ин лоиҳа ба таҳкими эътимоднокии шабакаи энергетикӣ, беҳтарсозии ҳамгироии низомҳои барқии кишварҳои минтақа ва фароҳам гардидани имкониятҳои нав барои рушди бозори нерӯи барқ мусоидат хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *