220 маросими ақди никоҳ дар маҳбасҳои Тоҷикистон

Соли гузашта дар маҳбасҳои Тоҷикистон 220 нафар маҳбусон маросими ақди никоҳ ороста, издивоҷ намудаанд. Дар ин бора масъулини Вазорати адлияи Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ маълумот додаанд.

Масъулини ин вазорат гуфтаанд, ки барои бастани ақди никоҳ ва издивоҷи маҳбусон дар маҳбас ягон монеаи қонунӣ вуҷуд надорад. Новобаста аз он ки маҳкумшудагон дар зиндон қарор доранд, онҳо метавонанд оила барпо намоянд, бо ҳамсарони худ мулоқотҳои тӯлонӣ анҷом диҳанд.

Тибқи иттилои ин ниҳод, издивоҷ ҳам дар муассисаҳои ислоҳии мардона ва ҳам занона иҷозат дода шудааст. Аз 471 зане, ки дар зиндони занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак адои ҷазо менамоянд, 2 нафарашон ҳомила буда, дар ин маҳбас 11 кӯдаки то сесола ҳамроҳи модарашон нигоҳдорӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *