Русия “WhatsApp”-ро баст

Русия паёмрасони “WhatsApp”-ро, ки муҳоҷирони тоҷик барои муошират бо оилаҳои худ аз он бештар истифода мекунанд, пурра бастааст. Инчунин, кори баъзе паёмрасонҳои дигар маҳдуд гардидааст.

Хабаргузории русии “РБК” рӯзи 12-уми феврал навиштааст, ки домени паёмрасони “WhatsApp” ва шабакаи “YouTube” аз корзор (сервер)-и “Роскомнадзор”, ниҳоди танзимкунандаи интернет дар ин кишвар нопадид шудааст, ки маънои баста шудани онҳоро дорад.

Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия сабаби баста шудани ин паёмрасонро, ки ба ширкати “Meta” тааллуқ дорад, “риоя накардани қонунҳои Русия” гуфтааст. Ин кишвар “Meta”-ро ба рӯйхати созмонҳои экстремистӣ ворид кардааст.

Ширкати “Meta” аз ин тасмими ҳукумати Русия нигаронӣ карда, ин иқдомро “зарба ба амнияти мардуми Русия” гуфтааст. Ширкат гуфтааст, “кӯшиш мекунанд, ки иртиботро барои корбарон дар Русия дар заминаи манъ шудани паёмрасон таъмин кунанд”.

“Роскомнадзор” ҳамчунин гуфтааст, ки паёмрасони “Telegram” низ ба  нақзи қонунҳои Русия идома медиҳад ва аз ин рӯ ба ин паёмрасон низ маҳдудиятҳои пайдарпай ҷорӣ хоҳад кард.

Қаблан бо баҳонаи “мубориза бо терроризм ва экстремизм” низ то чанд муддат “Telegram”-ро маҳдуд карда буд. Аз ҷумла, аз моҳи августи соли гузашта зангҳои садоӣ ва видеоӣ дар ин паёмрасон баста шуда буд.

Бо вуҷуди ин, корбарон барои истифода аз паёмрасонҳо аз филтршикан ё VPN истифода мебаранд. Мақомоти Русия таблиғ мекунад, ки шаҳрвандон ва меҳмонони ин кишвар аз паёмрасони

русии “MAX” истифода кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *