Бонки миллӣ: Фаъолияти «Золотая корона» ба Тоҷикистон хатар дошт

Мақсади ягона аз фаъол кардани Маркази ягонаи интиқоли пул — ин таъмини шаффофият ва ҳифзи маблағҳои муҳоҷирон аст. Ин нуктаро имрӯз дар нишасти хабарии Бонки миллӣ гуфтанд.

Дар робита ба ин муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев гуфт: “Фаъол шудани Маркази миллии протсессингӣ яке аз реформаҳои бузургтарин дар таърихи бонкдории кишвар аст ва то фаъол шудани маркази мазкур, ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба таври зарурӣ ҳимоя намешуд”.

Номбурда афзуд, ки ҳадафи аслии ба кор даромадани Маркази миллии протсессингӣ, ин пешгирӣ аз осебпазирии низоми бонкӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирӣ аз интиқоли маблағҳое аст, ки барои терроризм интиқол мешаванд.

Аз Бонки миллӣ дар бораи пайвастани низоми «Золотая корона» гуфтанд, ки ин низом танҳо дар сурате ҳаққи интиқоли маблағ ба Тоҷикистонро пайдо мекунад, ки агар бонке ёбад, ки хавфҳои онро ба ӯҳда гирад.Ҷамолиддин Нуралиев, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ба ҷумҳурӣ дар як рӯз аз 250 то 300 миллион рубл маблағ интиқол мешавад ва дар даст доштани 82 дарсади бозори интиқоли пул аз сӯи низоми “Золотая корона” барои кишвар хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳамчунин, Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, маблағ барои афроде, ки дар Данғара моҳи июли соли 2018 даст ба куштори сайёҳон заданд, тариқи «Золотая корона» ба Тоҷикистон интиқол шуда буд. “Ба панҷ нафаре, ки дар Данғара амалиёти террористӣ анҷом доданд, ва дар натиҷаи он панҷ сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокатт расид, тариқи низоми интиқоли пули “Золотая корона” маблағ фиристода шуда буд”, гуфт Нуралиев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *