Бориши пуршиддати барф идома меёбад

Таре агентии ҳавошиносии Тоҷикитсон иттилоъ медиҳад,, имрӯз дар Душанбе барфи бошиддат меборад.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2 — 4 дараҷа сард мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-35 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои боришоти бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат ва пуршиддат ба ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон борида ба барф мубаддал мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат ва пуршиддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва рӯзона 0-5 ва дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *