Боз риштаи умри як табиби тоҷик канда шуд

Абдураззоқ Расулов, духтури собиқадор субҳи имрӯз, 11-уми феврал дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Абдураззоқ Расулов  солҳои зиёд ба сифати муовини сардухтури истроҳатгоҳ ва табобати бемориҳои қалб дар шаҳри Истаравшан, сардухтури бахши Хадамоти санитарию эпидемологии ноҳияи Зафаробод ва чанд соли охир  муовини Идораи истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар дошт.

Абдураззоқ Расулов, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.   Абдураззоқ Расулов  дар миёни мардум ҳамчун табиби хоксор, хушмуомила  ва ба корафтодагон мададрасон ном бурда мешавад. Нақши ӯ дар рушди хадамоти истироҳатгоҳҳои ҷумҳурӣ  калон аст. Шахсе буд поктинат ва нексиришт.

Имрӯз маросими видоъ бо табиби тоҷик Абдураззоқ Расулов пас аз намози пешин, соати 13:00 дар масҷиди “Навобод” (Каленин)-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Хонаи марҳум бошад, дар кӯчаи Шамсӣ 2, рӯ ба рӯи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷойгир аст.   

Аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj  ба Шаҳзода Ҳамдамова, духтари марҳум, ки  роҳбари сомонаи Arzon.tj аст  ва ба пайвандону наздикони Абдураззоқ Расулов   изҳори тасаллият менамоянд. Худованд марҳумро раҳмату мағфират ва шоистаи ҷаннат гардонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *