Боз як кӯдакистони замонавӣ дар Душанбе ба истифода дода шуд (10 акс)

Имрӯз, 17 –уми март бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ муассисаи томактабии хусусии “Закия” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин муассисаи томактабӣ дар кӯчаи Соҳилии ноҳияи Фирдавсӣ ҷойгир аст. Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2021 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ мутобиқ ба талаботи замони муосир ба анҷом расонида шудаст.

Тавре маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ додааст, иншоот аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 140 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Дар муассисаи нав омӯзиш бо ду забон-русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, мураббиён тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ин муассисаи замонавӣ аз ҷониби директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Закия” Комрон Қодиров бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Иншоот дорои ошхона бо 140 ҷойи нишаст, анбор барои нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, ҷомашӯӣ, толори варзиш, гимнастикаи бадеӣ, синфхонаҳои таълимӣ аз ҷумла, забони англисӣ, арифметикаи зеҳнӣ, толори мусиқӣ, машғулият, ҷойҳои хобу истироҳат, ҳуҷраҳои корӣ, маркази хизматрасонии тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.

Дар саҳни муассисаи нави таълимӣ 6 айвонча сохта шуда, ҳавзи тобистонаи шиноварӣ барои кӯдакон ва гӯшаи махсус ҷой дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *