Боз як тоҷик дар ҷанги Русия — Украина кушта шуд

Алиҷон Сафаров ҳамагӣ  25-сол дошт. Ӯ  зодаи деҳаи Ҷонсӯзи ноҳияи Файзобод ва дар артиши Русия хизмат мекард. Дар  асоси хабаре, ки мақомоти рус ба наздиконаш расондаанд, ӯ  8-уми май кушта шудааст.

 Наздикони Алиҷон Сафаров ба «Озодӣ»  гуфтанд, ки ӯ солҳо боз дар артиши Русия хидмат мекард, вале аз ҳузураш дар Украина хабар надоштанд. Аммо дар кадом минтақаи Украина ва дар кадом шароит ӯ ҳалок шудааст, маълум нест. Овардани ҷасади ӯ низ ба Тоҷикистон маълум нест.

Аз ин пеш,  23-уми апрел, ҷасади як низомии дигари тоҷиктабори артиши Русияро ба ватан наоварданд ва дар шаҳри Барнаул ба хок супурданд. Ба гуфтаи пайвандонаш, Абӯбакр Нозимови 24-сола,  12-уми апрел, дар шаҳри Харкови Украина кушта шудааст. Абубакр, рӯзи 15-уми феврал, барои ҷанг дар Украина сафарбар шуда буд.

Гуфта мешавад, ки аз оғози ҷанги Русия бо Украина хабари марги беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба наздиконашон расидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.