Боздиди Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон аз Freedom IT-Hub дар шаҳри Душанбе

16 феврали соли 2026 Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар доираи сафари кории худ ба Тоҷикистон аз Freedom IT-Hub – майдони нави технологӣ, ки дар заминаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъсис ёфтааст, боздид намуд.

Дар ҷараёни боздид муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Саноӣ Бойзода, Сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Туреханов, муовини аввали директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти  Тоҷикистон Ҳаким Исмоилзода, Раиси Раёсати КВД «Фридом Бонк Қазоқистон» Гулфайруз Ахметова ва Раиси Раёсати ҶСП «Фридом Бонк Тоҷикистон» Даурен Нисинбаев иштирок доштанд.

Меҳмонон бо фаъолияти ҳаб аз наздик шинос шуда, бо резидентҳои он мулоқот анҷом доданд. Дар доираи шиносоӣ лоиҳаҳои инноватсионии нав муаррифӣ гардиданд.

Ба гуфтаи Даурен Нисинбаев, Freedom IT-Hub ифодакунандаи талошҳои муштарак барои рушди технологияҳои рақамӣ, сармояи инсонӣ ва муҳити инноватсионӣ мебошад. Ӯ таъкид кард, ки ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди устувори иқтисодиёт ва бахши технологии Тоҷикистон аст.

Имзои Ёддошти тафоҳум

Дар ҳамин рӯз миёни Фридом Бонк Тоҷикистон ва IT Park Dushanbe Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Санад рушди муносибатҳои шарикӣ, дастгирии зеҳнии ҷавонон, ҷалби онҳо ба равандҳои инноватсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таълимиву соҳибкориро пешбинӣ мекунад.

Заминаи ҳамкорӣ

Таъсиси ҳаб идомаи мувофиқаҳое мебошад, ки дар доираи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва Ёддошти тафоҳум миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокосмикии Ҷумҳурии Қазоқистон ба даст омадаанд.

Freedom IT-Hub дар заминаи воҳиди сохтории ҶСП «Фридом Бонк Тоҷикистон» таҳти сарпарастии Фонди кластерии худмухтори Astana Hub соли 2024 ифтитоҳ ёфтааст. Ҳаб донишҷӯён, коршиносон ва соҳибкоронро муттаҳид намуда, инфрасохтор, барномаҳои таълимӣ ва имкониятҳоро барои рушди касбӣ фароҳам меорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *