Боздошти ғоратгарон дар Душанбе

Аҳмад Зоир ва Файзуллоев Абдурақиб, сокинони 25 ва 19 — солаи шаҳри Душанберо барои содир намудани ду далели ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурдагон 13-уми октябр, тахминан соати 3:20 дақиқа, дар кӯчаи Амиршоев ошкоро ва бо истифодаи зӯроварӣ аз дасти як шаҳрванд телефони мобилӣ ва аз шаҳрванди дигар ангуштарини нуқрагинро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд.

Нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *