Боздошти муовини комиссари ҳарбӣ бо гумони порагирӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Ф. Файзализода, муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки ҳамзамон сардори шуъбаи сафарбарии комиссариати ҳарбии ин минтақа аст, хабар дод, ки ба гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат гумонбар мешавад.
Агентӣ рӯзи 19-уми феврал навишт, ки Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи октябри соли гузашта барои озод кардани ду ҷавон аз хидмати ҳарбӣ аз волидайни онҳо дар умум 10 ҳазор доллар (қариб 95 ҳазор сомонӣ) гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбар ҳангоми гирифтани пора аз волидайни яке аз ин даъватшавандаҳо моҳи октябри соли гузашта дастгир шудааст.
Гуфта мешавад, ки алайҳи Файзализода бо иттиҳоми гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ (моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз ва ба суд ирсол шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ