Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Эрон дар мулоқоти Далер Ҷумъа бо Сайидмуҳаммади Атобак
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, раиси ҷониби тоҷикистонии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ Далер Ҷумъа бо Вазири саноат, маъдан ва савдои Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайидмуҳаммади Атобак дар Душанбе баррасӣ гардид.
Тавре ки аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, дурнамои робитаҳои иқтисодиро муҳокима намуданд.
Иброз гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Эрон барои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва тиҷорат имконияти фарох фароҳам овардаанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа аз сатҳи баланди муносибатҳои мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя иброз дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ