Боздошти мансабдор ё идомаи акс бо кулух

Яке аз шаш мансабдори ӯзбекистонӣ, ки дар замини кишоварзӣ бо кулух болои сар акс гирифта шуда буданд, 26 октябр боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шудааст.

Расонаҳо хабар медиҳанд, сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Бекобод — яке аз он шаш мансабдор, ки дар рӯзи сафари Зойир Мирзоев, ноиб-сарвазири Ӯзбекистон ба ин ноҳия акс гирифта шуда буд, дар ҳамон рӯз аз сӯи мақомот боздошт шудааст.

Хонаводаи мансабдор мегӯяд, баъд аз ду рӯзи боздошт аз макони нигаҳдории вай огоҳ шудаанд.

«Аз додситонии ноҳиявӣ занг зада, ғизову либос талаб карданд. Баъди ҳамон занг мо огоҳ шудем, ки вай дар куҷост», — гуфт ҳамсари мансабдор.

Сардори шуъбаи кишоварзии ноҳияи Бекобод дар «дуздӣ», «сӯистифода аз мақом» ва «порадиҳӣ» айбдор мешавад.

27 октябр дар саҳифаҳои иҷтимоӣ акси шаш марде нашр шуд, ки дар даст кулух доштанд. Баъдтар маълум гардид, ки он афрод мансабдорони маҳаллӣ ҳастанд. Ноиб-сарвазири пешини Ӯзбекистон Зойир Мирзоев онҳоро барои омода накардани заминҳои кишоварзӣ бо чунин услуб ҷазо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *