Боздошти ноболиғони мусаллаҳ бо корд дар кӯчаи Садриддин Айнӣ

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти гурӯҳи ноболиғон хабар дод, ки шаби 19-уми январ бо корд ва дигар ашёҳои халанда ва буранда дар кӯчаи С. Айнии Душанбе ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша кунанд.

Кормандони милитсия ҳодисаро саривақт пешгирӣ намуда, 6 ноболиғро дастгир карданд. Зимни кофтуков аз онҳо ду адад кордҳои гуногунтамға дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Нисбат ба волидони ноболиғон барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи маъмурӣ оғоз шудааст. Ин модда ҷарима ба маблағи 780 сомонӣ ё ҳабс то 10 шабонарӯзро пешбинӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *