Боздошти сардори Раёсати тандурустии Суғд бо гумони порагирӣ
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора дастгир шудааст.
Дар ин бора 12 феврали соли равон раиси Суди шаҳри Хуҷанд Диловар Мирзоҳомидзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ӯ, Мақсудзода 17-уми декабри соли гузашта боздошт шуд.
Ба иттилои манбаъ, нисбат ба номбурда бар асоси қисми 1-и моддаи 319-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, айни замон дар баррасии додгоҳ қарор дорад.
Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, дар сурати исботи гуноҳ, ба Фаррух Мақсудзода ҷарима ба маблағи аз 284 ҳазор то беш аз 700 ҳазор сомонӣ ё то панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ таҳдид мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ