Боздошти шаҳрванди Ӯзбекистон пас аз таҳқири исроилиён

Полиси Исроил як марди зодаи шаҳри Самарқанди Узбекистонро пас аз паҳн шудани видеои баҳсбарангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кард.

Дар ин бора хабаргузории “Zamin.uz” хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ин мард видеоро ҳангоми эълони ҳушдори мушакӣ сабт кардааст. Дар навор дида мешавад, ки сокинони шаҳр барои паноҳ гирифтан ба паноҳгоҳҳои зиддибомба мешитобанд. Ҳамзамон муаллифи видео бо истифода аз ибораҳои таҳқиромез одамонро бо «мушҳо» муқоиса кардааст.

Ин видео зуд дар интернет паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба вуҷуд овард. Ба гуфтаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яке аз корбарон шахсияти мардро муайян карда, дар бораи ӯ ба полис хабар додааст.

Пас аз ин, кормандони полис ӯро боздошт карданд. Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *