Бозии Тоҷикистону Малдив дар Хуҷанд баргузор мешавад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тирамоҳи имсол бо дастаи мунтахаби Малдив дар Хуҷанд вомехӯрад.

Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозии хонагии тими миллии кишварро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» муайян кард. Бозии Тоҷикистону Малдив рӯзи 9-уми октябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, соати 18:00 оѓоз мешавад.

Интихоби шаҳри Хуҷанд ҳамчун макони баргузории бозии тими миллии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таблиѓи футбол дар манотиқи мухталифи кишвар ва ба мухлисон фароҳам овардани дастгирӣ аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон аст. Дар Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и шаҳри Хуҷанд қаблан бозиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми КФО ва ҳамчунин вохӯриҳои дӯстона миёни дастаҳои миллии гуногуни Тоҷикистон баргузор шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *