Президенти Муғулистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Бегоҳии рӯзи 23 июли соли 2025 Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Рӯзи 24 июл дар майдони Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи расмии Сарвари давлати Муғулистон баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони арҷмандро самимона истиқбол гирифта, ӯро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, иҷрои сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузашт аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар ҷараён гирифт. Қисмати тантанавии маросим бо гузашти мутантани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.
Ба ифтихори сафари давлатии Президенти Муғулистон аз тупхонаҳо 21 шиллик паронда шуд.
Мувофиқи барнома, сафари давлатии Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух то 26 июл идома ёфта, дар доираи он баргузории мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ, ҳамоиши доираҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон дар назар аст.
Ин сафар дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Муғулистон саҳми арзанда хоҳад гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ