Бозори асъор. Афзоиши қиммати рублу коҳиши доллар дар Тоҷикистон
Рубли русӣ дар Тоҷикистон баъди уфти якбора боз қоматашро рост мекунад.
Ду ҳафта пеш арзиши 1000 рубли русӣ ба 163-165 сомонӣ иваз мешуд. Аммо якбора чанд рӯзи охир 1000 рубл то 142 сомонӣ расид. Хушбахтона, имрӯз дар бозори нақди Тоҷикистон қимати пули Русия оғоз гардид. Раванди гаронишавии рубл боз идома дорад.
Боки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки қимати ҳазор рубли Русия дар бозори асъори Тоҷикистон то ба 147 сомонӣ расидааст.
Ба иттилои БМТ, ҳоло дар ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ҳазор рубл ба ҳисоби миёна бо қимати 147 то 149,5 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
Дар ҳамин ҳол нархи доллар дар кишвар каме поин рафтааст. Ҳоло 100 доллар дар сатҳи 10.2008 сомонӣ қарор дорад. Нархи евро майли болоравӣ дошта, то ба 10.8404 сомонӣ расидааст.
Ба иттилои БМТ, нархи миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ барои 1 доллари ИМА аз 10.2008 то 10.2300 сомонӣ ва 1 евро аз 10.8404 то 11 сомонӣ муқаррар шудааст.
БМТ таъкид намудааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Ин ниҳод таъкид намудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ