Лутфулло Давлатов

Барканории Лутфулло Давлатов ва вазифаи нави Абдукарим Машрабов

Лутфулло Давлатов аз вазифаи директори Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барканор ва ба ҷойи ӯ Абдукарим Машрабов таъйин гардид.

Дар ин бора ҳунарманди ин театр Аъзам Розиқ дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод.

Лутфулло Давлатзода 20 декабри соли 1958 дар ноҳияи Темурмалик (дар гузашта Совет) ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро ба итмом расонда, муддате дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Конибодом кор кардааст.

Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ аз соли 1981 актёри Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизони Тоҷикистон буд.

Қабл аз таъйин шудан ба вазифаи директори Театри Лоҳутӣ 6 сол директори телевизиони “Сафина” буд. Аз соли 2015 ба ин ҷониб директори театри Лоҳутӣ буд.

Абдукарим Машраб фарзанди ҳунарманд ва режиссёри маъруф Ибодулло Машраб мебошад. Соли 1983 таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода мебошад. Пас аз хатми донишкада дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дошт. Ҳунарманди шинохтаи театру синамо аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *