Ӯктам Иброҳим

Даргузашти журналист ва нависанда Ӯктам Иброҳим

Нависанда ва рӯзноманигори маъруфи самарқандӣ Ӯктами Иброҳим аз олам даргузашт. Дар ин бораи нашрияи “Овози Самарқанд” хабар медиҳад.

Ӯктами Иброҳим 20-уми марти соли 1956 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 8 (1973), шомили факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ гардида, сипас таҳсилро дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе давом додааст. 9 моҳ дар Студияи телевизиони Тоҷикистон кор кардааст. Баъдан ба зодгоҳаш баргашта, муддате (1977-1980) коргари чопхонаи вилоятӣ будааст. Солҳои 1980-1991 муҳаррири бахши таблиғоти Идораи интишори филми Тоҷикистон, сардори шуъбаи таблиғоти Иттиҳодияи эҷодию истеҳсолии «Тоҷиккино», муҳаррири ҷаридаи «Навигариҳои экран» будааст. Чакидаҳои қалами ӯ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла, «Пионери Тоҷикистон», «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») «Тоҷикистони Советӣ», «Совет Тожикистони», «Комсомоли Тоҷикистон», «Занони Тоҷикистон», «Хорпуштак», инчунин, «Зарафшон», «Леди», «Самаркандский вестник», «Овози Самарқанд», «Правда Востока» ва ғайра ба се забон (тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ) ба табъ расидаанд. Моҳи январи соли 1991 вазифаҳои котиби масъул ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Овози Самарқанд»-ро бар уҳда доштааст. Сипас муҳаррири бахши тоҷикии ҳафтаномаи «Самарқанд», муҳаррири барномаи телевизионии «Чашми дил»-и Ширкати симо ва садои вилояти Самарқанд будааст.

Ӯктами Иброҳи муаллифи китобҳои «Дар маҳтобшаб» (1996), «Шоми Регистон» (1977), «Ба дунё як бор меоянд» (1977), «Разм бо марг» (1977), «Марсияи тирамоҳ» (2008), «Падида ё фармоише аз кайҳон» (2010), «Дидор ва видоъ» (2010), «Ёде аз бузургон» (2009), «Ғазаби Немезида» (1998, ба забони русӣ) ва ғайра мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *