Ибодулло Машрабов мансаби нав гирифт?

Ду рӯз боз дар доираҳои театрӣ овозае паҳн шудааст, ки Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон саррежиссёри Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ таъин шудааст.

Ду рӯз боз  дар доираҳои театрӣ овозае паҳн шудааст, ки Ибодулло Машрабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва собиқ муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон мансаби нав гирифта, саррежиссёри Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ таъин шудааст.

Ин овоза дар ҳолест, ки режиссёри шинохтаи тоҷик Султон Усмонов ҳамагӣ 5 моҳ пеш саррежиссёри ин театр таъин шуда буд ва Ибодулло Машрабов моҳи гузашта бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги кишвар барканор гардид.

Ин овоза пас аз оне расонаӣ шуд, ки дар афишаи спектакли «Ҳамсафар»(аз рӯйи достони Низомии Ганҷавӣ «Хайр ва шар»), ки рӯзи 3 апрел пешкаши тамошобин мешавад, номи Ибодулло Машрабов ҳамчун Саррежиссёри театр оварда шудааст. Ин афиша ду рӯз боз дар девори театр кашол аст.

Аммо Султон Усмонов саррежиссёр таъин шудани Машрабов ва барканории худро зимни як суҳбати телефонӣ бо www.tajikistantimes.com  рад кард.

«Ман ҳанӯз ҳам ҳамчун саррежиссёр фаъолият дорам. Афишае, ки дар ҳавлии театр кашол аст, кӯҳна мебошад. Баъд аз оне, ки баъди чанд сол мо спектакли «Ҳамсафар»-ро дубора барқарор кардем, мутасаддиёни театр аз бемасъулиятӣ афишаи кӯҳнаро кашол кардаанд»-гуфт, Султон Усмонов.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки айни замон машғули таҳияи спектакли «Фирдавсӣ» аст ва то охири ҳафта нахустнамоиши он баргузор мешавад. 

Таъиншавии Султон Усмонов ба ягона театри академӣ-драмавии кишвар дар ҳолест, ки мутахассисон вазъи ин театрро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд. Дар сӯҳбатҳо низ ҳунарпешаҳои ин театр аз набудани коргардони ҳирфаӣ дар ин муассиса изҳори норизоӣ мекарданд.

 Маҳмадулло Табарӣ театршинос ва мунаққиди театр мегӯяд, ки аз  Султон Усмонов умеди зиёд дорад.

«Султон Усмонов яке аз режиссёрҳои шинохтаи минтақа аст.  Ӯ як муддат дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ кор кард ва операҳои хуби «Рустам ва Сӯҳроб», «Амир Исмоил»-ро таҳия кард. «Ромео ва Ҷулйетта», «Турондухт», «Рустам ва Сӯҳроб», «Шабе дарозтар аз қарн» ва ғайра спектаклҳои хуби ӯ дар саҳнаҳои Театри русии ба номи Маяковский ва Театри давлатии ҷавонони кишвар аст. Ман умедворам, ки Султон сатҳи театри Лоҳутиро мебардорад.»

Султон Усмонов солҳои охир дар Театри давлатии академии тамошобини ҷавони шаҳри Алмаато кор мекард ва ду маротиба ҳамроҳи театраш ба Душанбе барои ширкат дар Фестивали байналмиллалии «Нигоҳи нав» омада буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *