БОЗОРИ БӮСТОН КАЙ БУНЁД МЕШАВАД?

Ба раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” Ҳусейн Идиев

Бунёди бозор дар маркази шаҳраки Бӯстон дар ҳудуди 4 га замини собиқ ҷамъияти матлубот 5-сол боз ба нақша гирифта шудааст. Дар нақша ва чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон “Тоҷикматлубот” ва Раёсати матлуботи вилояти Суғд дохил карда шудааст ва иншооти ҷашнӣ ҳисоб меёбад. То ҷашн рӯзҳои башумор боқӣ мондааст. Имрӯз бо баҳонаи он, ки иҷозати МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ нест, корҳои сохтмониро боздоштаанд. МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ талаб намудааст, ки сохтмонро тезонанд. “Тоҷикматлубот” бошад, аз МИҲД-и ноҳияи Мастчоҳ қарори саркунии сохтмонро талаб дорад, ки баҳона ва саҳлангорӣ ва бемасъулиятии роҳбарияти Тоҷикматлубот ва РИМВ Суғдро нишон медиҳад. Кай сохтмони бозор сар мешавад? Аслан Тоҷикматлубот ин сохтмони бозорро сар карданист ё не?

Комилҷон МУМИНОВ, Шокарим МАҲМАДИЕВ
ва дигарон, собиқадорони соҳаи кооператсияи Ҷамъияти матлуботи
ноҳияи Мастчоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *