Бозори “Гулистон”- ро мекӯчонанд

Бозори “Гулистон” (Латтабозор)-и шаҳри Панҷакентро ба ҷои дигар мекӯчонанд. Ҳукумати шаҳри Панҷакент савдогарони бозори “Гулистон”- ро,  ки ду моҳ пеш ба коми оташ рафта буд, ба ҷои дигар мекӯчонанд.

  Дар ин бора  Сабурҷон Собирзода, муовини аввали шаҳрдори Панҷакент ба “pressa.tj” хабар дод.

Ба гуфтаи мақомоти шаҳри Панҷакент бозори нав дар масоҳати 780 метри мурабба бунёд шуда, дорои 400 нуктаи савдо ва хизматрасонӣ мебошад.  

Сохтумони  бозори нав дар бинои собиқ корхонаи консервабарории “Шарбат” бунёд шуда истодааст.

Инчунин манбаъ гуфтааст: “Дар инҷо ба ҳамаи савдогароне, ки дар сӯхтори бозори “Гулистон” осеб дидаанд, дӯкон дода мешавад. Онҳо 6 моҳ аз пардохти андози давлатӣ озод мешаванд”.

Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар бозори “Гулистон”-и шаҳри Панҷакент, ки бо номи “Латтабозор”  машҳур аст, шаби 12 ба 13- уми ноябри соли 2025 сар зад. Тибқи иттилои расмӣ, алангаи оташ дар масоҳати 792 метри мурабба доман густурда, дар пайи он 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи ҳамшафати бозор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *