Ошкори ҷинояти одамрабоӣ пас аз 25 сол
Ҷинояти одамрабоие, ки 25-сол қабл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқбадаст содир гардида буд ошкор шудааст.

Дар ин бора рӯзи 12-уми январ Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як гузориш хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ ҳодисаи одамрабои 21-уми январи соли 2000-ум аз ҷониби як гурӯҳи ҷинояткор сурат гирифтааст. Ҷинояткорон писари 16- солаи Шарипов Ҳақназар собиқ муовини прокурори ҷумҳуриро аз назди муассисаи 55 –и ноҳияи Шоҳмансур рабуда бар ивази раҳои аз волидони ӯ маблағи пули бо арзиши 50 ҳазор доллар талаб кардаанд.
Мақомот аз ҷинояткорон Одинаев Худоиназар, Самадов Абдулҳақ соли таваллудаш 1973 ва Одинаев Ривоҷиддин 1974 номбурдаанд, ки барои дуздидани Шарипов Манучеҳр, ки он замон дар сифи 9 мехонд мутаҳам дониста мешаванд. Ҷинояткорон ноболиғи рабуда шударо ба деҳаи Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бурда 65- шабонарӯз дар асорат нигоҳ доштаанд. Пас аз гирифтани пурраи маблағ ӯро раҳо кардаанд.
Ҳоло нисбати ҳамаи гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ боз шуд аст. Ва Самадов Абдулҳақ дар бозшдошт қарор дорад. Одинаев Ривоҷиддин дар ҷустуҷӯ ҷиноятӣ аст.
Бояд қайд кард, ки Одинаев Худоиназар соли 2013 дар натиҷаи як амалиёт ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ