Бозори “Корвон” 5 рӯз кор намекунад

Бозори «Корвон», ки яке аз калонтарин ва маъруфтарин бозорҳои шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, ҳамчун маркази муҳими савдо ва тиҷорат хизмат мекунад, муддати 5 рӯз дарҳои худро ба рӯйи харидорон мебандад.

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 20, 21, 22, 23 ва 24-уми марти соли равон бозори “Корвон” кор намекунад.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо натанҳо бозори “Корвон”, балки дигар бозорҳои шаҳри Душанбе низ истироҳат хоҳанд кард.

Аз 25-уми март бозори “Корвон” ва дигар бозорҳои калони пойтахт боз ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *