Бунёди беморхонаи муваққатӣ дар Душанбе барои мубориза бо COVID-19
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор намудааст, ки барои мубориза бо COVID-19 дар кӯтоҳтарин муҳлат беборхони муваққатӣ бо беш аз 3000 ҷойи хоб сохта ба истифода диҳанд.
Гуфта мешавад, ки беморхона аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ сохта шуда, муваққатан табобати беш аз 3000 нафарро фаро хоҳад гирифт. Инчунин беморхона бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат барои истифода омода хаҳад гашт.
Назорати иҷрои дастури мазкурро Раиси шаҳр шахсан ба зиммаи худ гирифта, аз рафти корҳо дидан мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ