Қабл аз Мадонна ва Бионсе Гугуш буд…
Гугуш, устураи мусиқии попи Эрон эълом кард, ки ба зудӣ китоби хотироташ ба забони инглисӣ ва форсӣ мунташир хоҳад шуд. Унвони инглисии китоб “Гугуш, як садои гуноҳкор” аст, ки қарор аст декабри соли 2025 мунташир шавад.
Гугуш мегӯяд, ки кори нигориши китоби хотироташро аз соли 2015-и милодӣ, ҳудуди даҳ сол пеш бо ҳимояти дӯсташ Партав Деҳлавӣ ва ҳамчунин духтари ӯ Торо Деҳлавӣ шуруъ карда ва ин китоб “ба зудӣ мунташир хоҳад шуд”.
Гугуш мегӯяд, ки тарҷумаи форсии ин китоб аз сӯйи Ҳумо Саршор анҷом шудааст ва ҳамзамон бо нусхаи инглисӣ, нусхаи форсии он ҳам мунташир хоҳад шуд.
Дар сомонаи “Голери букз”-и интишороти маъруфи Соймун анд Шустер ( Simon & Schuster), аз ноширони бузурги Амрико дар бораи ин китоб омада: “Қабл аз ин ки Мадонна (Madonna) бошад ё Биёнси (Beyoncé) бошад, Гугуш буд. Барои аввалин бор, яке аз бузургтарин ситораҳои попи қарни бистум, достони шигифтангези худро таъриф мекунад: ба шуҳрат расидани ӯ дар Эрони қабл аз инқилоб, дастгирӣ ва зиндон, табъиди 20-солааш ва дар ниҳоят бозгашти пирӯзмандонааш ба саҳнаи ҷаҳонӣ”.
Ин бори аввал дар таърихи мусиқии Эрон аст, ки яке аз бузургтарин ситораҳои попи қарни 20-ум достони шигифтангези зиндагии худро ривоят мекунад.
Гугуш, ки номи аслиаш Фоиқа Оташин аст, яке аз сарояндаҳои бузурги форсизабон мебошад. То ғалабаи Инқилоби исломӣ дар Эрон кору зиндагӣ мекард ва солиёни зиёдест, ки дар Аврупо ва Амрико зиндагӣ мекунад. Гугуши 75-сола соли 2024 бо баргузор кардани силсилаи барномаҳои ҳунарӣ ба фаъолияти худ хотима гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ