Алафчой барои сардард

Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Маълум аст, ки дарс додан дар мактаб басо душвор аст, зеро сол то сол бачаҳо шӯхтар шуда истодаанд ва ҷони муаллимонро ба лабашон меоранд. Намедонам аз асабонияти зиёд бошад ё бо ягон сабаби дигар, ки вақтҳои охир сарам тез-тез ба дард медарояд. Дору истеъмол мекунам. Мегӯянд, ки зарар дорад. Тиби мардумӣ ба ман чӣ тавсия медиҳад?

ФАРИЗА, н. Рӯдакӣ

Ба ин савол табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ посух мегӯяд:

— Одатан сардард бар асари фишори баланд ё баръакс, пасти хун, асабоният, сармохӯрӣ, вайроншавии ғизо дар меъда, варамҳои гуногуни мағзи сар ва пардаи он, мигрен, фишори дохили сар, атеросклероз, камхунӣ ва саратони хун ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, пеш аз ҳама ташхис гузаронида, сабаби бемориро муайян кардан лозим аст. Гоҳо чунин ҳам мешавад, ки сабаби дарди сар маълум нест. Дар чунин мавридҳо чанд гиёҳи оддӣ метавонанд ба дарди бемор даво бахшанд. Ман истифодаи чанд намуд гиёҳчой ва давоҳои алафиро ба шумо тавсия медиҳам, ки дарди сарро ба зудӣ рафъ месозанд.

Аввал. Як қошуқи ошхӯрӣ пудинаи боғиро дар чойник андохта, аз болояш 250 грамм оби ҷӯшомада резед ва монед ним соат истад, сипас соф карда, дар давоми рӯз кам-кам аз он бинӯшед. Пудинаи боғӣ сардарди номаълум ва дарди сари бар асари ташаннуҷи мӯйрагҳо ба вуҷуд омадаро нест мекунад.

Дуюм. Якқошуқӣ гиёҳҳои бобуна ва пудинаро дар ним литр оби ҷӯш дам карда, нисфашро бегоҳ пеш аз хоб ва ними дигарашро субҳгоҳон бинӯшед, дарди сар шуморо азият намедиҳад.

Сеюм. Дарди сар дар натиҷаи чалақидани он (сотресение) ба вуҷуд омада бошад, давояш истеъмоли гарди гул (перга) аст. Миқдори перга барои калонсолон якқошуқчагӣ 3 маротиба, барои кӯдакон бошад, нимқошуқчагӣ се бор аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *