Бурду бохти соли 2024. Соли 2025 иқтисоди Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Пас аз чанд рӯз соли 2024-ро бо ҳама бурду бохташ падруд мегӯем ва соли нави 2025-ро пешвоз мегирем. Табиист, ки ҳар кас аз дидгоҳи худ соли равонро таҳлилу хулосабарорӣ мекунад. Яке аз дастовардаш меболаду дигаре афсӯси он мехӯрад, ки бохт дид ё вақтро бесамар гузаронд. Соҳаҳои мухталиф низ чунинанд. Дар фазои иқтисоди Тоҷикистон соли 2024 чӣ гузашт? Соли 2025 моро чӣ интизор аст? Зеро асоси пешрафти ҳама самт ба иқтисодиёт иртибот мегирад.
Афзоиши содироту саноат дар рақам
Ба андешаи соҳибназарон, соли 2024 иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи рушд қарор дошт. Махсусан, дар ин сол корхонаҳои зиёди истеҳсолӣ, ки бештар маҳсулоти ивазкунанда ҳастанд, мавриди истифода қарор гирифтанд. Содирот низ дар ин сол чашмрас будааст. Тавре маълумот дастрас кардем, танҳо соли равон содироти либосу пойафзол аз Тоҷикистон ба Русия тақрибан 5 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи гузориши намояндагии тиҷорати Русия дар Душанбе, аз моҳи январ то октябри соли 2024 интиқоли маҳсулоти нассоҷӣ ва пойафзол аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 4,5 маротиба зиёд шуд. Ин гурӯҳи мол қариби 40%-и ҳаҷми умумии содирот аз Тоҷикистон ба Русияро ташкил медиҳад. Ҳол он ки, соли гузашта ин нишондод ҳамагӣ ба 6,4% баробар будааст.
Умуман, давоми ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 30,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 13,2 фоиз зиёд мебошад.
Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки омили асосии рушди суръати соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ — 23,7 фоиз, саноати коркард — 6,7 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ, бӯғ ва тозакунии ҳаво — 1,2 фоиз, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва маҳсулоти дуюмдараҷа — 1,7 баробар мебошад.
Ба андешаи коршиносон, саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакат ба ҳисоб меравад. Рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт замина фароҳам меорад.
Соҳибкорӣ дар рақам
Бахши дигари иқтисодиёти кишвар рушд ва дастгирии соҳибкорон мебошад. Имсол омор нишон медиҳад, ки теъдоди соҳибкорон афзоиш ёфтаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон 368 ҳазор субъекти хоҷагидорӣ фаъолият мекунанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 13,7 ҳазор субъект зиёд мебошад. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз инҳо 50,4 ҳазор соҳибкор тибқи патент, 36,7 ҳазор нафар бо шаҳодатнома, 60,4 ҳазор соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолият намуда, 179,6 ҳазор соҳибкори инфиродӣ дар хоҷагии деҳқонӣ кор мекунанд.
Аз ин шумора 327 ҳазору 106 нафарро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 12 ҳазору 598 адад зиёд аст.
То 1-уми октябри имсол аз шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор шахсони ҳуқуқии фаъолияткунанда дар ҳудуди ҷумҳурӣ 40 ҳазору 883 нафарро ташкил намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 1183 нафар зиёд мебошанд.
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки яке аз омилҳои афзоиши соҳибкорон имтиёзҳои давлат маҳсуб меёбад. Ба таври мисол, соли равон парлумони Тоҷикистон созишномаи Ҳукумати кишвар бо ширкати «Арвис»-ро ҷонибдорӣ кард ва аз имтиёз бархӯрдор шуд. Ширкати «Арвис» барои таъсиси корхонаҳои коркарди пахта ва ба даст овардани марҳилаи ниҳоӣ дар маҷмуъ ҳудуди 600 млн сомониро равона хоҳад кард. Силсилаи корхонаҳо дар ду марҳила татбиқ мешаванд. Гуфта мешавад, ки фаъолсозии корхонаҳо барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад.
Имтиёз ба хотири чӣ?
Дар соли 2024 Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва ҳавасмандгардонӣ дар рушди саноат имтиёзҳои андоз ва гумрукиро идома додааст. Манфиатҳои асосӣ инҳоянд:
1. Имтиёзҳои андоз барои корхонаҳои соҳаҳои афзалиятнок, аз қабили истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли кимиё, дорусозӣ, таҷҳизоти резинӣ ва пластикӣ, барқӣ, техногия ва электроника, инчунин соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ.
2. Имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти ашёи хом ва таҷҳизот барои корхонаҳое, ки ба воридотивазкунӣ нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, ширкатҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда ҳақ доранд, ки боҷҳои гумрукиро кам кунанд.
3. Коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ — имтиёзҳо аз роҳҳои оҳани Тоҷикистон то 80% барои ҳамлу нақли бор, ки хароҷоти логистикиро барои содиркунандагон ва воридкунандагон дар дохили кишвар осон мекунад.
4. Имтиёзҳо барои сармояи хориҷӣ — барои корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, махсусан барои ширкатҳое, ки ба навсозӣ ва рушди саноат маблағгузорӣ мекунанд.
Чунин имтиёзҳо ҳадафи стратегии саноатикунонуни Тоҷикистонро дастгирӣ намуда, ба бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва ҷалби сармоя мусоидат мекунанд.
Дар бозор чӣ гап?
Аммо соли 2024 дар бозорҳои Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулоти ғизоӣ ба мушоҳида расид. Махсусан, гӯшту тухм ва дигар анвои асосии рӯзгор якбора қимат шуд. Аз ҷумла, як кг гӯшт аз 70-80 сомонӣ якбора ба 100—120 сомонӣ дакка хӯрд. Аҷиб, дар шабу рӯзи болоравии нархи гӯшт масъулин гуфтанд, ки саршумори чорво дар Тоҷикистон аз талабот бештар аст, аммо дар бозор ранг бину ҳол пурс. Таваҷҷуҳ кунед ба ин рақам: то 1-уми июли соли 2024 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳо ба 2 миллиону 705,7 ҳазор сар расид. 100,1 ҳазор сар ё 3,8% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аст.
Саршумори гӯсфанду буз 7 миллиону 089,7 ҳазор сарро ташкил дод, ки ин ҳам 478,6 ҳазор сар ё 7,3% зиёд шудааст. Аммо нархи гӯшт дар бозорҳо ба осмон дакка хӯрду маъмурияти бозорҳо дар пешгирии он оҷиз монданд. Дуруст, ки гӯшт дар таблоҳои фурӯш 60-70 сомонӣ нишон дода шуда, аммо дар бораи сифату муносибати харидор ҳоҷати гап нест. Фурӯшандаҳо иддао мекунанд, ки сабаби асосии болоравии нархи гӯшт гарон шудани нархи чорво ва хӯроки чорво аст. Аммо масъулин сабаби гарон шудани нархи гӯшт дар бозорҳоро ба зиёд шудани талаботи аҳолӣ рабт медиҳанд. Машокир Назарзода, муовини вазири кишоварзӣ дар ин робита изҳор намуд, ки сол ба сол теъдоди аҳолӣ зиёд ва талабот ба гӯшт афзоиш меёбад.
Рубл паст шуду муҳоҷирон зери фишор
Муҳоҷират низ ба рушди иқтисоди кишвар бетаъсир нест. Зеро маҳз муҳоҷирон таъминкунандаи рӯзгоранд ва имрӯз ягон оилае нест, ки пайвандонаш дар муҳоҷират набошанд. Аммо дар соли равон бинобар фишори мақомот аз болои муҳоҷирон, афзоиши раванди ихроҷи онҳо ба кишвар, коҳиши интиқоли маблағ ба мушоҳида расид. Ба замми ин, арзиши рубл нисбат ба сомонӣ хеле паст рафт: 1000 рубл аз 140 сомонии чанд моҳ пеш якбора ба 100-105 сомонӣ баробар шуд. Аммо доллар бошад, баръакс, 100 доллар аз 1050-60 сомонӣ якбора ба 1095-1100 сомонӣ расид.
Пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ
Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши тоза бо номи “Иқлим ва рушди Тоҷикистон” гуфтааст, ки агарчи модели ҳозираи рушди иқтисодии Тоҷикистон то кунун натиҷа додааст, вале акнун ба ҷое расидааст, ки дигар наметавонад иқтисодро ба пеш ҳаракат диҳаду зиндагии мардумро беҳтар кунад. Дар ин гузориш омадааст, ки суръати миёнаи тавлидоти нохолиси миллӣ аз соли 2000-ум то соли 2023-юм 7 дар садро ташкил додааст. Сатҳи камбизоатӣ аз 30 дар сади соли 2003 тақрибан ба 11 дарсад дар соли 2023 расидааст.
Ба гуфтаи муаллифони Бонки Ҷаҳонӣ, модели рушди иқтисодии Тоҷикистон ба ҳадди ниҳоии худ расидааст ва агар тағйир дода нашавад, суръати афзоиши тавлидоти нохолиси миллӣ солона аз 4,5 то 4 дар сад суст мешавад.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, Тоҷикистон имконоти пешрафти зиёдтар дорад. Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро як василаи муҳиме барои рушди ояндаи иқтисоди Тоҷикистон номида, гуфта мешавад, ки дар сурати баҳрабардории комил аз он дар соли 2034, иқтисоди кишвар комилан дигаргун мешавад. Албатта, чунин тавсияҳо ҳамасола аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои молӣ ба Тоҷикистон дода мешаванд.
Бо умеди пешрафти иқтисоди кишвар дар соли 2025!
Соли нав муборак!
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ