Cавганд ба номи Президент

Минбаъд аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз шурӯъ ба иҷрои вазифа ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бошанд баъд аз таъйин ё интихоб гардиданашон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба халқи Тоҷикистон савганди садоқат ёд мекунанд.
Вобаста ба ин, 22 июн вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба ду қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Мавзуна Шарофиддинова зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур гуфт, ки тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии кишвар бо мақсади мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Тавре маълум аст, 22 май бо баргузории райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҶТ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

 11:44 
Sipehri Karomatullo

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *