Ҳукми «ҷинояткорони фирорӣ» дар ғайбашон содир мешавад
Тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ба судияҳо ҳақ медиҳад, ки минбаъд муттаҳам ба ҷиноятро, ки дар Тоҷикистон қарор надорад, ба ҳабс маҳкум кунанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ҳангоми муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба кодекси мурофиа ҷиноятӣ, ки дар Маҷлиси намояндагон ҷараён гирифт, гуфт, минбаъд ҳукми онҳое, ки ба ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва дар хориҷ қарор доранд, дар ғайбашон содир мешавад.
Ба гуфтаи Додситони кулли Тоҷикистон агар нафари маҳкумшуда ба кишвар ояд, ҳукмаш аз нав бозбинӣ мешавад. Чунин муқаррарот дар қонунҳои бештари кишварҳо дида мешавад, афзуда додситони кулл.
Юсуф Раҳмон, ҳадафи тағйиру иловаҳо ба кодески ҷиноиро такмилу мутобиқсозии мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар маънидод кардааст.
Вакилон ба ҷонибдорӣ аз ин тағйиру иловаҳо дар Маҷлиси намояндагон овоз доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ