$ 3 млн. кӯмаки Русия ба Тоҷикистон

Соли 2015 маблағи умумии кумаки бисёрҷонибаи башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон беш аз 3 млн. долларро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2015 дар мавриди кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон Русия ба сегонаи кишварҳои пешсаф дохил аст, ки маблағи умумии кумак зиёда аз 3 млн. доллари ИМА ё худ 12,6% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар соли 2015 ба Олмон — 23,3%, Нидерланд — 9,7%, Чин — 8,9%, Дания — 7,4%, ИМА — 7,1% ва Амороти Муттаҳидаи Араб — 5,1% ҳисса рост меояд.

Дар ҳамин маврид бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Русия ҳадафнок маблағгузорӣ мешаванд, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дошта, «натанҳо ба беҳбуди ҳаёти шаҳрвандони ҶТ мусоидат мкунанд, балки бозгӯи хусусияти стратегӣ доштани муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон низ мебошанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *