Чаро назди банкоматҳо тамбашавӣ зиёд аст? Посухи раиси “Амонатбонк”
Раиси “Амонатбонк” Алиҷон Салимзода афзоиши тамбашавӣ назди банкоматҳоро, пеш аз ҳама ба истифодаи зиёди пули нақд аз ҷониби шаҳрвандон марбут донист. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҳолатҳо бештар дар рӯзҳои пардохти маош ва нафақа ба мушоҳида мерасанд.
Алиҷон Салимзода зимни нишасти матуботӣ шаҳрвандонро ба истифодаи фаъоли хизматрасониҳои ғайринақдӣ даъват намуда, таъкид кард, ки гузариш ба низоми муосири пардохт метавонад эҳтиёҷ ба пули нақдро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ӯ гуфт, ки агар мардум ҳамарӯза аз кортҳои бонкӣ ва хизматрасониҳои электронӣ истифода баранд, тадриҷан ин тарзи пардохт ба одат табдил ёфта, зарурати гирифтани пули нақд аз банкоматҳо кам мешавад.
Ба гуфтаи раиси бонк, яке аз бартариҳои муҳими пардохтҳои ғайринақдӣ дар он аст, ки ҳамаи амалиётҳо ба таври автоматӣ сабт мешаванд, ки ин шаффофият, назорат ва роҳатиро таъмин мекунад.
Ҳамзамон, раиси бонк таъкид кард, ки барои сари вақт бо маблағ таъмин намудани банкоматҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд, то мушкилоти марбут ба норасоии пули нақд ва навбатпоӣ кам шавад.
Видео дар телеграмканали Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ