Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон соли гузашта 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024-ум 0,1 банди фоизӣ камтар мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 11 феврал, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархҳо дар бахшҳои гуногун ташаккул ёфтааст. Аз ҷумла, нархи маҳсулоти озуқа 4,5 фоиз, молҳои ғайриозуқа 1,5 фоиз ва хизматрасонӣ 5,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Мақомоти масъул таъкид намуданд, ки нишондиҳандаи мазкур аз нигоҳ доштани суботи нисбии иқтисодӣ ва назорати нархҳо дарак медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *