Чаро сӯзишворӣ қиммат шуд? Посухи Хадамоти зиддиинҳисорӣ

Қариб як сол аст, ки нархи сӯзишворӣ дар кишвар боло меравад. Ахиран солярка ҳам қиммат шуд. Аввалҳо гарон шудани нархро ба болоравии арзиши доллар рабт медоданд. Ҳоло чӣ? Доллар фаромад ку. Хоҳиш мекунам, ин муамморо фаҳмонед.

Сардори АНСОР, ноҳияи Ашт

— Мақомоти Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ дар бозорҳои ҷумҳуриро ба афзоиши нарх дар кишварҳои содиркунанда рабт медиҳанд. Корхонаҳои тавлиди маҳсулоти нафтӣ нархи сӯзишвориро боло бурдаанд ва ин аз сабабҳои аслии боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон мебошад.

Ин нуктаро Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар он корхонаҳо агар як тонна сӯзишворӣ дар моҳи январи соли равон ба 560 доллар баробар буд, дар моҳи июн ин нишондод аллакай ба 890 доллар баробар шудааст.

Қурбонзода дар қатори омилҳои асосии таъсиррасон ба нарх оид ба афзоиши арзишу талабот дар кишварҳои содиркунанд ва ҳамчунин афзоиши қурби рубл гуфт. Вай аз қавли ширкатҳои воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон иттилоъ дод, ки феълан сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ ҳам бо рубл ва ҳам доллар ворид карда мешавад.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, нархҳои бозори сӯзишвориро таҳлил карда, муайян намудаанд, ки тоннаи бензин дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 доллар ва ё 32% ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар ва ё қариб 40% боло рафтааст.

Раёсати ин ниҳод таъкид намуд, ки дар воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон ягон монеа нест, ширкатҳо ворид карда истодаанду камбуди сӯзишворӣ ҷой надорад.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро асосан аз Русия дастрас мекунад. Аз ҷумла, тибқи омор, тайи нимсола аз Русия ба Тоҷикистон дар маҷмуъ 340 ҳазор тонна сӯзишворӣ, аз ҷумла 128 ҳазор тонна бензин, 175 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, ҳудуди 7 ҳазор тонна сӯзишвории ҳавоӣ, беш аз 9 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.