“Роғун” бо нохун сохта шуд!

Баъд аз бунёди ГЭС-и “Норак” дар ибтидои соли 1976 қисми зиёди коргарони он барои бунёди нерӯгоҳи нав — НБО “Роғун” сафарбар шуданд. Дар натиҷаи заҳматҳои тӯлонӣ, тирамоҳи соли 1987 ҷараёни роҳи дарёи Вахш баста шуда, бунёди Сарбанд оғоз ёфт. Аммо дар арафаи барҳам хӯрдани давлати Шӯравӣ гуруҳе бар зидди бунёди ин нерӯгоҳи муқтадир баромаданд.  

Онҳо дарк намекарданд, ки ин иншоот барои Тоҷикистон бисёр муҳим буда, ояндаи дурахшони кишвари моро кафолат дода, мардуми минтақаро бо ҷойи корӣ таъмин месозад ва барои бунёди корхонаҳои дигар замина фароҳам меорад. Дар соҳаи кишоварзӣ зиёда 10 ҳазор га замин обёрӣ шуда, бозори оузқавории кишвар ғанӣ хоҳад шуд. Мухолифини бунёди нерӯгоҳ гирдиҳамоиҳо ташкил мекарданд. Дар радиою телевизион зидди сохтмони “Роғун” суҳбатҳо барпо карда, дар матбуот мақолаҳо ба табъ мерасониданд. Ин ҳама зиддиятҳо ба он оварда расонид, ки ҳукумати марказ сол аз сол маблағугузориро ба бунёди нерӯгоҳ кам кардан гирифт.

Оғози солҳои навадум, баъди барҳамхӯрии давлати Шӯравӣ, бадбахтона, дар ҷумҳурии мо оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад ва натанҳо барои идомаи бунёди нерӯгоҳи “Роғун” маблағ ёфт нашуд, балки корҳои қаблан анҷомдода ба боди фано рафтанд. Техникаву таҷҳизоти боқимонда ба яғмо рафт. “Роғун” чанд сол ба гӯшаи фаромӯшӣ афтод.

Танҳо баъди ба даст омадани сулҳу субот бо ташаббуси Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора бунёди ин сохтмони бузурги аср оғоз ёфт. 20-уми октябри соли 2016 роҳбари давлат тақрибан 45 дақиқа сари фармони булдозер нишаста, маҷрои дарёро бо хоку шағал бастанд.

Бояд хотиррасон кунем, ки то расидан ба ин рӯзи муборак Тоҷикистони соҳибистиқлол талошҳои зиёд анҷом дод, зиддиятҳои калонро пушти сар кард. Барои бунёди сарбанди “Роғун” чандин шартномаҳои хориҷӣ баста шуданд, ки иҷро нагардиданд. Дар ҳамон рӯзҳои душвор бо вуҷуди зиддияти давлатҳои ҳамсоя нисбати бунёди нерӯгоҳи “Роғун” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҳар азобе бошад, мо бояд “Роғун”-ро бунёд кунем. Пас, Ҷамъияти саҳомии кушодаи Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” таъсис ёфту халқи Тоҷикистон, корхонаю муассисаю ширкатҳо барои ёрӣ расонидан ва бунёди ин нерӯгоҳи барқии ба мо ниҳоят зарур саҳмияҳои онро хариданд. Ҳамаи маблағҳо барои харидани техникаи нав ва дигар ашёи ба нерӯгоҳ зарур равона гардиданд. Айни замон тақрибан 11 ҳазор коргарону мутахассисон ва тақрибан 15 ҳазор техникаи гуногун шабонарӯз заҳмат кашида истодаанд, то сохтмони “Роғун”-ро ба анҷом расонанд.

Бояд ёдовар шуд, ки нерӯгоҳи “Роғун” барои офаридани содироти нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги энергетикӣ аст, барои таъмини эҳтиёҷоти дигар халқҳо, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳисса хоҳад гузошт.

Ҷоизи зикр аст, ки ояндаи наздик нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” барои татбиқи ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Бинобар таҳлили мутахассисон, то соли 2028 дар обанбори ин нерӯгоҳи азими аср, ки дарозиаш 75 км ва паҳнояш 616 метрро ташкил менамояд, дар маҷмуъ 13,5 млрд метри мукааб об ҷамъ мешавад. Ин баҳри азим ин минтақаро ба мавзеи сайёҳӣ табдил хоҳад дод.

Нисбати бехатарии ин иншооти азими аср фикру мулоҳизаҳои гуногун вуҷуд дошт. Аммо баъди гузаронидани ташхисҳо аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ бехатарии он пурра собит гашт. Айни замон, тибқи маълумотҳо, дар 53 иншооти нерӯгоҳ зиёда аз 4000 таҷҳизоти назоратӣ насб гардидааст. Гузашта аз ин, дар миқёси обанбори “Роғун” ва “Норак” зиёда аз 11 стансияҳои рақамии санҷишӣ мавҷуд аст.

Ниҳоят, баъди пурра ба кор даромадани ин нерӯгоҳи азим Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси ҷаҳон табдил меёбад. Дар ин хусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки баъди пурра ба кор даромадани шаш агрегати нерӯгоҳи “Роғун” кишвари мо дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энергияи арзон табдил хоҳад ёфт.

Иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 МВТ мерасад, яъне 60% меафзояд, пас мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем.

Ш. ҲАМРОҚУЛОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *