Беҳтарин футболбози тоҷик дар Русия шаурма мефурӯшад

Кomandatj, ки дар “Инстаграм” хабарҳои футболи тоҷикро нашр мекунад, рӯзи 13-уми июли соли 2022 хабар дод, ки Аминҷон Алиаҳмадов, футболбози ҷавони дастаи “Равшан” (Кӯлоб), ки соли 2021 беҳтарин футболбози ҷавони мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дониста шуд, ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, дар шаҳри Киржач шаурма мефурӯшад.

Киржач шаҳри хурде бо 26 ҳазор аҳолист, ки дар тақрибан 100-километрии шимолу шарқи шаҳри Маскав, дар ҳудуди вилояти Владимири Русия ҷойгир шудааст.

Кomandatj аз қавли Аминҷон Алиаҳмадов менависад, ки “ӯ гарчанде, ки беҳтарин футболбози лигаи олӣ байни ҷавонон гардид, вале дастгирӣ надид ва ба ҳамин хотир роҳ гирифт сӯи муҳоҷират”.

Ин саҳифаи варзишӣ менависад: “Ҳоло ӯ дар шаҳри Киржач ба фурӯши шаурма машғул аст. Лек берун аз кор бо дӯстону шиносҳояш ба футболбозӣ меравад. Ҳамин буд, ки дар яке аз чунин бозиҳо ӯро намояндагони тими “Ротор” (Киржач) мушоҳида намуда, ба дастаашон даъват карданд. Дар аввалин бозии санҷишиаш Аминҷон 4 гол ба самар расонида ва 2 ассист анҷом дод. Чӣ тавре, ки худи ӯ мегӯяд, мумкин аст бо ин даста шартнома ба имзо расонад”.

Дар бораи ин даста дар Интернет ягон маълумот нест ва маълум нест, ки он дар лигаи чандум бозӣ мекунад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *